ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

June 2026
M T W T F S S
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930  

18.11.2025 / Семинари илмӣ - методологӣ дар мавзӯи "Нақши стратегияҳои давлатӣ ва Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин, дар пешгирии амалҳои номатлуби ифротгароӣ"

Санаи 18-уми ноябри соли 2025 дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит семинари илмӣ – методологӣ дар мавзӯи “Нақши стратегияҳои давлатӣ ва Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин, дар пешгирии амалҳои номатлуби ифротгароӣ” баргузор гардид. Дар семинар муовини ректор оид ба тарбия Матинов Х., декани факултети улуми исломӣ Ширинов Х., сардори маркази тестии донишкада Насриддинов Ҳ., сардори бахши ҷавонон Раҳмонов Р. ва донишҷӯёни факултети мазкур иштирок намуданд.

Мақсад аз ташкил намудани ин ҳамоиш, омӯзиши моҳият ва мақсади стратегияҳои давлатӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани ҷавонон мебошад.