
Санаи 20-уми ноябри соли 2025, бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонони Донишкада ва бо ҳадафи ҷалби бештари донишҷӯён ба фаъолиятҳои зеҳнӣ, бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, миёни донишҷӯёни муассиса мусобиқаи зеҳнии «Шоҳмот» ва «Шашка» баргузар гардид.
Дар чорабинӣ донишҷӯёни тахассусҳои гуногун фаъолона иштирок намуданд. Ҳадафи асосии баргузории мусобиқа — баланд бардоштани сатҳи тафаккури мантиқӣ, рушди қобилияти фикрронӣ ва тақвияти эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ дар байни ҷавонон арзёбӣ мегардад.
Мусобиқа дар фазои дӯстонаву рақобатпазир сурат гирифт. Иштирокчиён барои нишон додани маҳорати зеҳнӣ, хирадмандӣ ва малакаи бозии худ талош карданд. Дар анҷоми чорабинӣ ғолибони ҳарду намуд бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Санаи 21-уми ноябри соли 2025 низ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори варзишии Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа даври ниҳоии мусобиқаи зеҳнии «Шоҳмот» ва «Шашка» баргузор гардид.
Дар рафти даври ниҳоӣ беҳтарин бозингарон аз рӯйи малакаи баланди фикрронӣ, зиракӣ ва стратегия мубориза бурда, фазои рақобат пур аз ҳаяҷон ва рӯҳбаландӣ буд. Ҳар ду навъи бозӣ – ҳам «Шоҳмот» ва ҳам «Шашка» – бо риояи қоидаҳои муқарраргардида гузаронида шуданд.
Дар анҷом ғолибон муайян гардида, ба онҳо Ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешавад.
Матн
Суроға: 734000, ш. Душанбе, н. И. Сомонӣ, к.Н.Ганҷавӣ
Вебсомона: https://dit.tj
Email: islamtаj@mail.ru, mamur@dit.tj
Телефон: 224-22-36
Факс: 221-88-98