ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

January 2026
M T W T F S S
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

21.11.2025 / Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ба хотири гиромидоштиРӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонҷамъомади тантанавӣ таҳти унвониПарчам - рамзи давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣбо як шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид

Санаи 21.11.2025 дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ба хотири гиромидошти “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷамъомади тантанавӣ таҳти унвони “Парчам – рамзи давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ” бо як шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.

Дар ҷамъомад аҳли раёсат, меҳмонон ва омӯзгорону донишҷӯён бо як ҳисси баланди ватандӯстию худшиносии миллӣ фаъолона иштирок намуданд.

Дар оғоз ректори Донишкада муҳтарам Аҳтамзода Абдуалим Аҳтам бо сухани ифтитоҳи баромад карда, тамоми меҳмонон, кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни ин макони илму адабро ба ифтихори ин ҷашни бузурги миллӣ самимона табрику таҳният гуфт. Зикр гардид, ки Рӯзи Парчами давлатӣ яке аз ҷашнҳои муқаддаси миллати тоҷик буда, ҳамчун рамзи асосии давлатдорӣ, ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ мақому манзалати хоса дорад.

Устод Аҳтамзода Абдуалим таъкид намуд, ки Парчами давлатӣ дар ҳама давру замон барои ҳар шахси соҳибватану хештаншинос ҷилои нангу номус ва шарафу ифтихор мебошад. Дар давари соҳибистиқлолии кишвари азизамон Тоҷикистон бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ба рамзи дӯстӣ, суботи сиёсӣ ва ҳадафҳои созандаи миллати тоҷик табдил ёфтааст.

Инчунин сармутахассиси раёсати таҳлил ва ояндабинии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Баротзода Файзулло дар мавзӯи “Парчами давлатӣ: Гузаштаи таърихӣ ва даврони истиқлол”, омӯзгори кафедраи таърих ва диншиосӣ Роҳатов Ғайратшо дар мавзӯи “Нақши парчам дар худшиносии миллӣ” суҳбат намуданд. Дар чорабинии мазкур донишҷӯёни Донишкада дар васфи Ватан, Парчам ва Истиқлолият бо ҳисси баланди ватандӯстӣ шеърҳо қироат намуданд.

Дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ ба ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ, ки ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатӣ ташкил гардида буданд, дипломҳо, ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Ҳамзамон барои фаъолияти бенуқсон ва ҳисси масъулиятшиносӣ нисбат ба фаъолияти меҳнатӣ, ҳафт нафар кормандону омӯзгорон бо Сипосномаи Донишкада қадрдонӣ гардиданд.

Матн