
Дар таърихи 26-уми ноябри соли 2025 дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон мулоқоти ректори Донишкада муҳтарам Аҳтамзода Абдуалим Аҳтам бо волидайни донишҷӯён баргузор шуд. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими марбут ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон”Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва “Консепсия миллии тарбия” баррасӣ гардиданд. Ҳамчунин, оид ба пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои номатлуби ифротгароӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, боло бурдани сатҳу сифати дониш, пешгирии таълимоти ғайрирасмии динӣ, густариши ҳамкории волидайн бо Донишкада, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, ҳушёрии сиёсӣ ва ҳузури мунтазами донишҷӯён ба дарсҳо яке аз масъалаҳои муҳими вохӯрӣ ба шумор мерафт. Дар анҷоми мулоқот, 30 нафар волидайни донишҷӯёни фаъол аз ҷониби Раёсат бо Сипосномаи Донишкада қадрдонӣ шуданд.
Суроға: 734000, ш. Душанбе, н. И. Сомонӣ, к.Н.Ганҷавӣ
Вебсомона: https://dit.tj
Email: islamtаj@mail.ru, mamur@dit.tj
Телефон: 224-22-36
Факс: 221-88-98