
«МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ЗАБОНШИНОСӢ, АДАБИЁТШИНОСӢ, РАВОБИТИ АДАБӢ ВА ТАРҶУМА ДАР ЗАМОНИ МУОСИР»
Раёсати Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа дар пояи кафедраи забон ва адабиёти араб ва кафедраи забонҳои Донишкада Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назарявиро дар мавзӯи «МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ЗАБОНШИНОСӢ, АДАБИЁТШИНОСӢ, РАВОБИТИ АДАБӢ ВА ТАРҶУМА ДАР ЗАМОНИ МУОСИР» баргузор намуд.
Дар конференсия масоили зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
§ Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди забони давлатӣ;
§ Тарҷумаи осори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забонҳои хориҷӣ;
§ Иқдомоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти забономӯзӣ;
§ Забон – пайвандгари наслҳо;
§ Забон ва фарҳанг;
§ Масъалаҳои мубрами забоншиносии муқоисавӣ;
§ Саҳми олимони тоҷику форс дар рушди забоншиносии муқоисавӣ;
§ Робитаҳои адабии Арабу Аҷам ва инъикоси онҳо дар таҳқиқоти донишмандони тоҷик;
§ Назари аҳли таҳқиқ роҷеъ ба анвои тарҷума;
§ Вижагиҳои тарҷумаи осори тоҷикӣ-форсӣ ба забони арабӣ;
§ Ҷанбаи забоншиносӣ-маърифатӣ (когнитивӣ)-и тарҷума;
§ Ҷанбаҳои адабиётшиносии тарҷума;
§ Хусусиятҳои тарҷумаи осори илмӣ;
§ Методҳои инноватсионии таълими забонҳои хориҷӣ.
Дар конференсия муҳаққиқону донишмандон ва мутахассисони соҳа аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва институтҳои илмии кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.
ш.Душанбе 27.11.2025
Суроға: 734000, ш. Душанбе, н. И. Сомонӣ, к.Н.Ганҷавӣ
Вебсомона: https://dit.tj
Email: islamtаj@mail.ru, mamur@dit.tj
Телефон: 224-22-36
Факс: 221-88-98