ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

February 2026
M T W T F S S
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
232425262728  

02.12.2025 / Конференсияи илмӣ - амалӣ таҳти унвони “Нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва амнияти давлат”

Конференсияи илмӣамалӣ таҳти унвониНақши ҳизбҳои сиёсӣ дар баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва амнияти давлат

Санаи 2 декабри соли 2025, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ дар толори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми АъзамАбуҳанифа Нӯъмон ибни Собит дар асоси дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2025, 16/10-176 бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худогоҳию меҳанпарастӣ, ҳуввияти миллӣ, ҳифзу нигаҳдошти арзишҳои миллӣ, Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ва ҳушёрию зиракии сиёсӣ дар вазъияти сиёсии ҷаҳон, конференсияи илмӣамалӣ таҳти унвониНақши ҳизбҳои сиёсӣ дар баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва амнияти давлатбаргузор гардид.

Дар кори конференсия, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Ҳамидиён Орзу, мушовири директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсатшинос Фаттоҳзода Саидмурод, раисони ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон, ректори Донишкадаи исломии Точикистон ба номи Имоми АъзамАбӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит Аҳтамзода Абдуалим иштирок ва суханронӣ намуданд.