ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

January 2026
M T W T F S S
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ ҲУҚУҚИ ИНСОН

Санаи 5-уми декабри соли 2025, бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон (10 декабр) дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Дар конфронс Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша, Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои Конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло, муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак Бобоҷонзода Миҷгона, Директори Муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” Абдураҳим Холиқзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоиён Мадина, судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзозода Мавлуда, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит Аҳтамзода Абдуалим Аҳтам, Раиси иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон Асадулло Зикрихудоев ва роҳбари Коалитсияи ташкилотҳои ҷамъиятии “Аз баробарии ҳуқуқӣ-ба баробарии воқеӣ” Гулҷаҳон Бобосодиқова иштирок ва суханронӣ намуданд.