ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

February 2026
M T W T F S S
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
232425262728  

Ҳамоиши сиёсӣ - тарбиявӣ оид ба шарҳи нуқтаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Паём ҳамчун омили таҳкими худшиносии миллӣ” бо иштироки васеи кормандону омӯзгорон ва донишҷӯён

Имрӯз 20.12.2025 дар толори калони Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам- Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ҳамоиши сиёсӣ – тарбиявӣ оид ба шарҳи нуқтаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳти унвони “Паём ҳамчун омили таҳкими худшиносии миллӣ” бо иштироки васеи кормандону омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Чорабиниро ректори Донишкада муҳтарам Аҳтамзода Абдуалим Аҳтам ифтитоҳ намуда, нуқтаҳои ин санади муҳимро шарҳу тавзеҳ дода, вобаста ба Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муқоиса ба арзишҳои маънавӣ суҳбат намуданд.
Дар ҳамоиши мазкур муовини ректор оид ба тарбия Матинов Холиддин дар мавзӯи “Тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар меҳвари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва мушовири ректори Донишкада Каримов Раҳим дар мавзӯи “Паёми Пешвои миллат санади роҳнамо дар таҳкими суботу амният” суханронӣ намуданд.
Дар ҳамоиш таъкид карда шуд, ки тамоми нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯхта ва шарҳу тавзеҳ дода шавад. Дар сатҳи байналмилалӣ эътироф ва қабул гардидани пешниҳодҳои кишвари азизамон Тоҷикистон аз ҷумла қабули қатъномаҳо доир ба “Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ”, “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ”, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хутали қадим ва қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” баёнгари он аст, ки пазируфтани ин ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ ба ҳисоб меравад.