ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

May 2026
M T W T F S S
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Семинари илмӣ-методӣ дар мавзуи "Роҳҳои пешгирии ҷавонон аз пайравӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъбуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо донишҷӯёни курсҳои гуногуни муассиса

          Бо ташаббуси кафедраи илмҳои ҷамъиятшиносии Донишкада санаи 17.12.2025 дар мавзуи “Роҳҳои пешгирии ҷавонон аз пайравӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъбуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо донишҷӯёни курсҳои гуногуни муассиса семинари илмӣ-методӣ баргузор гардид. Дар семинар сардори шӯъбаи илм ва робитаҳои хориҷӣ Ширинов Х.Ч., декани факултети улуми исломӣ Насриддинов Ҳ., мудири кафедраи илмҳои ҷамъиятшиносӣ н.и.ф. Файзуллоев Ғ., донишҷӯёни курсҳои 2-юми ихтисоси улуми исломӣ.Матни классикӣ Абдураҳимов М., Азимов М., Олимзода М., дар мавзуъҳои “Ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъбуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Терроризм ва экстремизм, вабои аср”, “Терроризм ва экстремизм-ватану миллат, дину мазҳаб надоранд”, “Роҳҳои пешгирии ифротгароӣ” суханронӣ намуданд.
           Дар охир як қатор донишҷӯёни фаъолро аз тарафи факултет бо “Сипосномаҳо” қадрдонӣ намуданд.