ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

May 2026
M T W T F S S
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Имрӯз 24-уми декабри соли 2025 меҳмонон аз Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҷараёни сафари корӣ ба Тоҷикистон аз Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит дидан карданд

Имрӯз 24-уми декабри соли 2025 меҳмонон аз Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҷараёни сафари корӣ ба Тоҷикистон аз Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит, махсусан аз осорхонаи Донишкада дидан карданд. Онҳо бо самтҳои асосии фаъолияти муассиса шинос гардида, аз осорхонаи Донишкада боздид намуданд.
Дар ҷараёни боздид меҳмонон бо таърих, дастовардҳо ва мероси фарҳангиву илмии Донишкада ошно шуда, ба сатҳи ташкили фаъолияти илмӣ ва фарҳангии он баҳои баланд доданд. Ҳамзамон, сардори шуъбаи илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ Ширинов Х.Ч. оид ба нигораҳои таърихии осорхона ба меҳмонон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.