ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

August 2026
M T W T F S S
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31  

Шанбегии умумидонишкадавӣ

Имрӯз бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дар робита ба эълон гардидани Соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ», инчунин ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Донишкада шанбигии дастаҷамъона баргузор гардид.
Дар шанбигӣ Роҳбарият, кормандон ва омӯзгорони муассиса иштироки фаъолона намуда, ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани гирду атроф ва дохили бинои таълимӣ корҳои тозакорӣ ва ободониро ба анҷом расониданд. Натиҷаҳои шанбигӣ ба беҳтар гардидани муҳити корӣ ва баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва худшиносии миллӣ мусоидат намуд.