ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

February 2026
M T W T F S S
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
232425262728  

Дастоварди Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа: Бахши кор бо ҷавонони Донишкада дар соли 2025 беҳтарин Бахши кор бо ҷавонон дониста шуд

27 январи соли 2026 бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2025» баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва Раиси Кумита Зулфиқор Гулаҳмадзода иштирок намуда, ғолибони озмунҳо ва номинатсияҳои гуногунро қадрдонӣ карданд.
Ҳадафи асосии маросим қадршиносии хизматҳои шоистаи ҷавонон, ҷасорату фидокорӣ, иҷрои қарзи ҳарбӣ ва шаҳрвандӣ, инчунин ҳавасмандгардонӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон мебошад. Дар доираи чорабинӣ ғолибон аз рӯи номинатсияҳои «Беҳтарин сохтори соҳаи кор бо ҷавонон», «Беҳтарин корманди соҳа», «Барандаи гранти ҳукуматӣ» ва дигар бахшҳо қадрдонӣ шуданд.
Бахши кор бо ҷавонони Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа ҳамчун «Беҳтарин шуъбаи кор бо ҷавонон дар соли 2025» эътироф гардид, ки самараи фаъолияти босамар ва саҳми арзандаи роҳбарияти Донишкада ва кормандони он дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.