ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

February 2026
M T W T F S S
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
232425262728  

Шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит

Санаи 28 январи соли 2026 дар толори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Одилзода Дилбар – муовини раиси шаҳри Душанбе, Абдураҳим Шоҳиён – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода, мудири шуъбаи дин ва танзими ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Абубакри Ахмад, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Ҷаҳонгир Саъдизода кормандону донишҷӯёни Донишкада ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта иштирок намуданд.
Дар вохӯрӣ муҳтавои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз тарафи коршиносон шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Нахуст, Одилзода Дилбар-муовини Раиси шаӽри Душанбе вобаста ба аҳамияти Паём ва ҷойгоҳи он дар рушду пешрафти кишвар ибрози андеша намуда доир ба таҳкими давлатдорӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини зиндагии шоистаи мардум, пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, рушди муносибати дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ, саҳми бахши хусусӣ дар пешрафти кишвар, бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ ва бунёд кардани Маркази байналмилалии Наврӯз, беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди соҳаи энергетика ва дигар самтҳои ҳаётан муҳим, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ибрози андеша намуд.
Дар идома Шоҳиён Абдураҳим-раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳими стратегӣ самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишварро муайян намуда, барои таъмини зиндагии шоистаи мардум, таҳкими давлатдорӣ ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, ки заминаи мусоид фароҳам меорад, суҳбат намуд.