Санаи 28 январи соли 2026 дар партави иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Олии кишвар ва Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 16 декабри соли 2025 ироа гардида буд, дар пойгоҳи қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ чорабинии сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид.
Дар кори ин ҳамоиш доираи васеи афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии гарнизони Душанбе иштирок намуда, меҳвари асосии онро суханронии пурмуҳтавои ходими намоёни илму маърифат, Аҳтамзода Абдуалим Аҳтам – Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит ҳусну мазмуни хоса бахшид.
Зимни суханронии худ Аҳтамзода А. қайд намуданд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати стратегиест, ки вазъи воқеии мамлакатро бозгӯ намуда, самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилию хориҷӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро барои давраи оянда мушаххас месозад.
Дар идомаи суҳбат Аҳтамзода А. таваҷҷуҳи ҳозиринро ба эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» ҷалб намуда, иброз доштанд, ки ин иқдом бо арзишҳои аслии инсонӣ ҳамоҳанг аст. Мавсуф бо истинод ба сарчашмаҳои мӯътамади эътиқодӣ ва фарҳанги волои миллӣ таъкид доштанд, ки имондории комил танҳо бо ибодат маҳдуд намешавад, балки он дар амалҳои созанда, аз ҷумла ободонии диёр, ҳифзи тозагии муҳити зист ва арҷгузорӣ ба мақоми муқаддаси падару модар таҷассум меёбад.
Устод Аҳтамзода А. махсусан қайд карданд, ки дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи сиёсии ҷаҳон ва авҷ гирифтани таҳдидҳои иттилоотиву идеологӣ, ташаккули мафкураи солим ва рӯҳияи шикастнопазири ватандӯстӣ дар замири сарбозону афсарон нақши калидӣ мебозад. Аз ин рӯ, Аҳтамзода А. ҳушдор доданд, ки танҳо тавассути таҳкими зиракии сиёсӣ ва маърифати баланди ҳуқуқӣ метавон бар зидди хурофоту таассуб истодагарӣ намуд ва фазои дӯстиву бародариро дар байни хизматчиёни ҳарбӣ, ки кафили интизоми оҳанин ва суботи ҷомеа аст, пойдор нигоҳ дошт.
Дар қисмати хотимавии чорабинӣ муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои дохилӣ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ, полковник Ғайрати Саломатулло баромад намуда, аҳамияти ҳаётии мавзӯъҳои баррасишударо дар замони муосир муҳим арзиёбӣ намуда, таъкид кард, ки ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ вазифадор аст, то дастуру ҳидоятҳои созандаи Паёми Пешвои миллатро сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор дода, дар иҷрои вазифаҳои муқаддаси хизматӣ масъулияти дучанд эҳсос намояд. Инчунин, иброз дошта шуд, ки Қӯшунҳои дохилӣ минбаъд низ ҳамкории судмандро бо аҳли зиё ва олимони шинохтаи кишвар ҷиҳати тарбияи маънавии ҳайати шахсӣ густариш хоҳад бахшид.
Дар фарҷом, полковник Ғайрати Саломатулло изҳори сипосу миннатдории самимии роҳбарият ва кулли ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилиро ба Устоди гиромӣ барои ташриф, суҳбати пурмӯҳтаво ва саҳми арзандаашон дар баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ баён намуданд.