ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

February 2026
M T W T F S S
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
232425262728  

Конференсияи байналмилалии илмӣ - амалӣ таҳти унвони “Руҳияи миллӣ ва дипломатияи фарҳангии Пешвои миллат дар ташаккули сулҳ ва суботи минтақавӣ”

Санаи 29 январи соли 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода конференсияи байналмилалии илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Руҳияи миллӣ ва дипломатияи фарҳангии Пешвои миллат дар ташаккули сулҳ ва суботи минтақавӣ” доир карда шуд.
Дар кори конференсия мудири шуъбаи кишварҳои ИДМ- и Институти омӯзиши масъалаҳои кишварҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Аҳтамзода Абдуалим Аҳтам, доктори илмҳои фалсафа, профессори кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва илмҳои табиии Институти “Мактаби байналмилалии молия, технология ва илм”- и шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷаъфар Холмуъминов, доктори Маркази таҳқиқоти форсӣ ва осиёимиёнагии факултети забон, адабиёт ва омӯзиши фарҳанги Донишгоҳи Ҷавоҳарлал Неҳру Шаҳбоз Амил ва омӯзгорону донишҷӯён ширкат намуданд.
Дар конференсияи мазкур мудири шуъбаи кишварҳои ИДМ – и Институти омӯзиши масъалаҳои кишварҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода дар мавзуи “Эҳёи давлатдорӣ дар Тоҷикистони муосир: шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун омили калидии сарварӣ” ва ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Аҳтамзода Абдуалим дар мавзуи “Аз муколама то субот: руҳияи миллӣ ва фалсафаи дипломатияи фарҳангии Пешвои миллат” маърузаҳои пурмуҳтаво намуда, аз нақши сиёсати фарҳангӣ ва дипломатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар таҳкими сулҳ, суботи минтақавӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ бо забони англисӣ суханронӣ намуданд.