ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

February 2026
M T W T F S S
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
232425262728  

Ҷашни Сада - яке аз ҷашнҳои миллии миллати тоҷик

Санаи 30-юми январи соли 2026 дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа семинари илмӣ-методологӣ таҳти унвони «Сада яке аз ҷашнҳои миллии миллати тоҷик» баргузор гардид.
Дар семинар муовини ректор оид ба таълим Қурбонов Б.Р., муовини ректор оид ба тарбия Матинов Х.Қ. ва омӯзгори кафедраи таърих ва диншиносӣ Роҳатов Ғ. суханронӣ намуда, вобаста ба пайдоиш ва ҷанбаҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва тарбиявии ҷашни Сада сӯҳбат намуданд. Таъкид карда шуд, ки Сада дар баробари Наврӯз ва Меҳргон яке аз се ҷашни бузурги суннатии ниёгони мо ба ҳисоб меравад.