ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

February 2026
M T W T F S S
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
232425262728  

Дар толори калони Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам нишасти матбуотии Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистону Донишкадаи исломии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2025 баргузор гардид

Дар нишасти матбуотӣ роҳбарияти Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи исломии Тоҷикистон, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираи васеи намояндагони васоити ахбори омма ҳузур доштанд.
Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим зимни суханронӣ аз ҷумла қайд намуд, ки дар соли 2025 аз ҷониби иттиҳодияҳои динии ҷумҳурӣ ба ятимону маъюбон, шахсони бепарастор ва оилаҳои камбизоат ба маблағи зиёда аз 11 млн. сомонӣ кумакҳои моддию молиявӣ расонида шудааст.
Ҳамзамон, аз ҷониби иттиҳодияҳои динии кишвар ба зарардидагон аз офатҳои табиӣ дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ба маблағи 220 ҳазор сомонӣ маҳсулоти сохтмонӣ ва дигар эҳтиёҷоти зарурӣ кумак расонида шуд.
Таъкид шуд, ки дар ин давра мувофиқи маълумоти пешниҳодшуда аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тибқи моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1297 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (ҳамин давраи соли 2024 – 1435 ҳолат) баррасӣ гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 138 ҳолат кам мебошад. Аз ин теъдод вобаста ба 1268 ҳолат ҷазо таъин гардида, 29 парванда ҳангоми баррасӣ аз ҷониби судҳо қатъ карда шудааст. Тибқи маълумоти мазкур маблағи умумии ҷаримаҳои муқарраргардида 10 миллиону 989 ҳазору 681 сомонро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 7 миллиону 028 ҳазору 808 сомонӣ рӯёнида шудааст.
Дар рафти нишасти матбуотӣ ҳамчунин масъалаҳои марбут ба кор бо иттиҳодияҳои динӣ, робитаҳои байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷ, ташхиси давлатӣ ва диншиносӣ ва фаъолияти Донишкадаи исломии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.
Ба саволҳои хабарнигорон аз ҷониби роҳбарияти Кумита посухҳои мушаххас дода шуд.