Имрӯз, 9 феврали соли 2026 дар толори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Роҳ ва усулҳои пешгирии ифротгароии хушунатомез дар байни ҷавонон» баргузор гардид.
Чорабинӣ бо ҳадафи таҳкими ҳамкории сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти пешгирии зуҳуроти номатлуб, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву масъулиятшиносӣ доир карда шуд.
Дар кори конференсия муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам, муовини сардори Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музофирзода Далер Аслишо, сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурии Тоҷикистон Баротзода Тоҳир Барот, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи И.Аъзам Аҳтамзода Абдуалим Аҳтам, коршиносон, омӯзгорон, фаъолони соҳаи ҷавонон ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок намуда, вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод карданд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳони муосир таҳкими маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон, тарғиби арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба қонун, рушди тафаккури интиқодӣ ва истифодаи дурусти фазои иттилоотӣ аз омилҳои муҳими пешгирии гароиши ҷавонон ба андешаҳои ифротӣ ба шумор мераванд.
Иштирокчиён инчунин оид ба истифодаи таҷрибаи пешқадам, таҳкими ҳамкории байниидоравӣ, такмили барномаҳои омӯзишӣ ва татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба фаъолияти созанда пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.
Дар фарҷоми конференсия иштирокчиён омодагии худро барои тақвияти ҳамкориҳо, татбиқи ташаббусҳои муштарак ва идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии ҳар гуна зуҳуроти номатлуб дар байни ҷавонон изҳор доштанд.