ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

February 2026
M T W T F S S
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
232425262728  

Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ҳамоиши илмӣ - назарявӣ бахшида ба 23 - юми феврал Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сипари боэътимод ва ҳимоятгари халқу Ватан” доир гардид

Санаи 20.02.2026 бо ташаббуси қисми тарбия ва бахши ҷавонони Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ҳамоиши илмӣ-назарявӣ бахшида ба 23-юми феврал Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сипари боэътимод ва ҳимоятгари халқу Ватан” доир гардид.
Дар ҳамоиши мазкур, аҳли раёсат, кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд. Ректори Донишкада муҳтарам Аҳтамзода А.А., ва намояндаи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Хоҷамирзода Муслиҳиддин тамоми кормандону омӯзгорони Донишкадаро бахшида ба ин санаи муҳими таърихи табрику таҳният намуданд.
Дар чорабинӣ намояндаи Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Шоҳиён Шодмон Рустам даъват гардид.
Ҳамчунин омӯзгори кафедари таърих ва диншиносӣ Роҳатов Ғ., дар мавзӯи “Таърихи пайдоиши Артиш ва аҳамияти он” суханронӣ намуданд. Дар ин чорабинии бошукӯҳ шеърҳо дар васфи муқаддас будани Ватан-Модар ва Артиши миллӣ аз тарафи донишҷӯён қироат гардид.
Дар охири чорабини як қатор кормандону омӯзгорон аз тарафи Раёсати Донишкада бо Сипоснома ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.
 
Дар қисмати дуюми чорабинии болозикр миёни донишҷӯёни факултетҳои муассиса мусобиқаҳои варзишӣ аз қабили “Бандкашӣ”, “Дастхобонӣ” ва “Гирбардорӣ” баргузор карда шуд.
Дар фарҷоми мусобиқаҳои варзишӣ ғолибон аз тарафи Иттифоқи касабаи Донишкада бо тӯҳфаҳои хотирави қадрдонӣ карда шуданд.