ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

October 2026
M T W T F S S
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Семинари илмӣ-методӣ таҳти унвони "Артиши миллӣ – сипари боэътимоди миллату давлат" бо донишҷӯёни муассиса бо ташаббуси кафедраи Таърих ва диншиносӣ

Бо ташаббуси кафедраи таърих ва диншиносии Донишкада санаи 23.02.2026 семинари илмӣ-методӣ таҳти унвони “Артиши миллӣ – сипари боэътимоди миллату давлат” бо донишҷӯёни муассиса баргузор гардид. Дар семинар декани факултети филологияи Шарқ н.и.ф. Холов А., мудири кафедраи таърих ва диншиносӣ н.и.ф. Раҳматова З., омӯзгори кафедра Нусратова П., ва донишҷӯён дар мавзуъҳои “Артиши миллӣ – нишон аз пойдории миллату давлат”, “Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикиситон”, “Аз таърихи Артиш” ва “Артиши миллии Тоҷикистон такиягоҳи асосии давлатдорӣ” суханронӣ намуданд.