ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

September 2026
M T W T F S S
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930  

Боздиди донишҷӯёни Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит аз Осорхонаи миллӣ

Санаи 23 феврали соли 2026 донишҷӯёни курсҳои 5-уми Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа бо роҳбарии омӯзгори кафедраи таърих ва диншиносӣ н.и.т. Роҳатов Ғ., бо мақсади шиносоӣ бо таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик аз Осорхонаи миллӣ боздид намуданд.
Зимни боздид донишҷӯён аз толорҳои намоишӣ дидан карда, бо ёдгориҳои нодири таърихӣ ва мероси фарҳангии ниёгон аз наздик ошно шуданд. Ин ташриф барои онҳо имконият фароҳам овард, то дониши худро дар самти таърих ва фарҳанги миллӣ ғанӣ гардонанд.
Чунин иқдомҳо дар таҳкими ҳисси худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихию фарҳангии миллат мусоидат менамояд.