ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

June 2026
M T W T F S S
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930  

Дар китобхонаи Донишкада семинари илмӣ-методӣ таҳти унвони “Роҳҳои ташвиқу тарғиб ва ҷалби донишҷӯён ба китобхона” баргузор гардид

Санаи 26 феврали соли 2026 дар китобхонаи Донишкада семинари илмӣ-методӣ таҳти унвони “Роҳҳои ташвиқу тарғиб ва ҷалби донишҷӯён ба китобхона” баргузор гардид.
Дар кори семинар сардори БИСТ Хайруллоев И., мудири китобхонаи Донишкада Қодиров С., мудири кафедраи илмҳои ҷамъиятшиносӣ н.и.ф. Файзуллоев Ғ. ва омӯзгори фанни фарҳангшиносӣ Ҳомидова С. иштирок ва суханронӣ карданд.
Зимни баромадҳо масъалаҳои муҳими баланд бардоштани завқи китобхонӣ, нақши китоб дар ташаккули маърифат ва ҷаҳонбинии донишҷӯён, инчунин зарурати ҷорӣ намудани фановариҳои иттилоотии муосир дар фаъолияти китобдорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид гардид, ки истифодаи технологияҳои нав, ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ ва тарғиби мутолиа метавонад ба ҷалби бештари донишҷӯён ба китобхона мусоидат намояд.
Дар анҷоми семинар миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифта, пешниҳодҳои муфид ҷиҳати такмили фаъолияти китобхона ва баланд бардоштани фарҳанги китобхонӣ иброз гардиданд.