ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

October 2026
M T W T F S S
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Мулоқоти намояндаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино Фазлиддини Абдукарим бо донишҷӯёни курсҳои якум

ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
Санаи 26 феврали соли 2026 дар асоси нақшаи корҳои тарбиявии Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа мулоқот бо донишҷӯёни курсҳои якум баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини ректор оид ба тарбия Матинов Х.Қ., намояндаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино Фазлиддини Абдукарим ва сардори бахши ҷавонон Раҳмонов Р.С., иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими тарбияи ватандӯстӣ, таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангиву маънавӣ, инчунин масъулияти ҷавонон дар ҳифзи манфиатҳои давлату миллат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Баромадкунандагон донишҷӯёнро ба донишандӯзӣ, риояи одоби донишҷӯӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа ҳидоят намуданд.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон ба ҳисоб рафта, нақши ҷавонон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ назаррас мебошад.