ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

August 2026
M T W T F S S
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31  

Дар Донишкада шанбигии дастаҷамъона баргузор гардид

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дар робита ба эълон гардидани Соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ», инчунин ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Донишкада шанбигии дастаҷамъона баргузор гардид.
Дар ин чорабинии ободонӣ роҳбарият, кормандон ва омӯзгорони муассиса иштироки фаъолона намуда, гирду атрофи бино ва саҳни ҳавлиро тозаву озода карданд. Иштирокчиён бехҳои дарахтонро нарм намуда, барои сабзишу нашъунамои беҳтари онҳо шароити мусоид фароҳам оварданд.
Баргузории чунин шанбигиҳо дар баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ, таҳкими фарҳанги шаҳрнишинӣ ва тақвияти рӯҳияи ватандӯстиву худогоҳии миллӣ мусоидат менамояд.