ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

August 2026
M T W T F S S
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31  

Ҷиҳати ҷалби бештари донишҷӯён ба фаъолиятҳои зеҳнӣ байни донишҷӯёни донишкада мусобиқаи зеҳнии «шоҳмот» ва «шашка» баргузар гардид

Санаи 2-юми марти соли 2026, бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонони Донишкада ва бо ҳадафи ҷалби бештари донишҷӯён ба фаъолиятҳои зеҳнӣ, бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, миёни донишҷӯёни муассиса мусобиқаи зеҳнии «Шоҳмот» ва «Шашка» баргузар гардид.
Дар чорабинӣ донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд. Ҳадафи асосии баргузории мусобиқа баланд бардоштани рушди қобилияти фикрронӣ ва тақвияти эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ дар байни ҷавонон арзёбӣ мегардад.
Мусобиқа дар фазои дӯстонаву рақобатпазир сурат гирифт. Иштирокчиён барои нишон додани маҳорати зеҳнӣ ва малакаи бозии худ талош карданд. Дар анҷоми чорабинӣ ғолибони ҳарду намуд бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мегарданд.