ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

May 2026
M T W T F S S
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Мулоқоти нозири калони Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани адлия Абдуллозода Одил Толиб бо аҳли раёсат, кормандон ва омӯзгорони донишкада доир гардид

Санаи 04.03.2026 дар асоси нақшачорабиниҳо оид ба амалисозии давраи дуюми “Стратегияи муқовимат бо коррупсия” ва “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм” мулоқоти нозири калони Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани адлия Абдуллозода Одил Толиб бо аҳли раёсат, кормандон ва омӯзгорони Донишкада доир гардид.
Дар мулоқот ректори Донишкада муҳтарам Аҳтамзода А. А. таъкид намуд, ки мақсад аз ташкил намудани чунин суҳбату вохӯриҳо баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, огоҳсозӣ аз оқибатҳои амалҳои коррупсионӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифати зиддикоррупсионӣ ва пешгирии ифротгароӣ ба шумор меравад.
Сипас, Абдуллозода Одил баромад намуда, қайд кард, ки фасоди молиявӣ яке аз падидаҳои номатлуби ҷомеа буда, ба рушди иқтисодию иҷтимоии давлат таъсири манфӣ мерасонад. Ӯ таъкид намуд, ки мубориза бо коррупсия вазифаи ҳар як шаҳрванд буда, танҳо дар ҳамкорӣ ва ҳисси баланди масъулият метавон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Ҳамзамон зимни суханронӣ масъалаҳои пешгирии амалҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон, инчунин роҳҳои мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар анҷоми мулоқот иштирокчиён ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифта, омодагии худро ҷиҳати саҳм гузоштан дар мубориза бар зидди коррупсия, экстремизм ва терроризм изҳор намуданд.