ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

August 2026
M T W T F S S
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31  

Дар толори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нӯъмон ибни Собит ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи модарон” таҳти унвони "Модар - сарчашмаи ҳаёт" баргузор гардид

Санаи 6-уми марти соли 2026 дар толори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Нӯъмон ибни Собит ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи модарон” таҳти унвони “Модар – сарчашмаи ҳаёт” баргузор гардид. Дар ин ҷамъомад роҳбарияти Донишкада, намояндаи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷамирзода М., сардорони шуъбаҳо, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд. Чорабинии мазкурро ректори Донишкада муҳтарам Аҳтамзода А. А. бо сухани табрикотӣ ифтитоҳ намуда, тамоми занону бонувони донишкадаро табрику таҳният гуфта, дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва фазилату бузургии ӯ суҳбат намуд. Дар чорабинӣ намояндаи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷамирзода М., мудири кафедраи ҷамъиятшиносӣ н.и.ф. Файзуллоев Ғ. ва Аминов М. – мудири кафедраи забон ва адабиёти араб дар мавзӯҳои “Ҷойгоҳи модар дар ҷомеа”, “Хиради модар” маърузаҳо хонданд. Мавриди зикр аст, ки донишҷӯён дар васфи модар бо забонҳои тоҷикӣ, рӯсӣ ва англисӣ шеърҳо қироат намуданд.