ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

May 2026
M T W T F S S
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Бо ташаббуси кафедраи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва улуми қуръонӣ дар Донишкада семинари илмӣ - методологӣ таҳти унвони "Фазилати модар" баргузор гардид

Санаи 05. 03. 2026 бо ташаббуси кафедраи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва улуми қуръонӣ дар Донишкада семинари илмӣ-методологӣ таҳти унвони “Фазилати модар” баргузор гардид. Дар семинар садорати факултетҳо, мудирони кафедраҳо, сардорони шуъбаҳо ва донишҷӯёни муассиса иштирок намуданд. Дар ин ҳамоиши илмӣ сардори шӯъбаи илм ва робитаҳои хориҷӣ Ширинов Х.Ч., декани факултети улуми исломӣ н.и.ф. Насриддинов Ҳ., мудири кафедраи ҷамъиятшиносӣ н.и.ф. Файзуллоев Ғ., мудири кафедраи улуми қуръонӣ н.и.ф. Абдусаломзода А., омӯзгори кафедраи улуми қуръонӣ Шарипов И., омӯзгори кафедраи улуми қуръонӣ Наҷотов Ҷ. ва омӯзгори кафедраи ҷамъиятшиносӣ Пиров М., дар мавзуҳои “Модар – чароғи зиндагӣ”, “Фазилати модар аз нигоҳи ислом”, “Меҳри модар”, “Мақоми модар дар ҷомеа” ва “Аҳамият ва бузургии зан-модар” суханронӣ намуданд.