ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

May 2026
M T W T F S S
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Донишкада робита ба эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ», инчунин ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегии дастаҷамъона баргузор кард

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дар робита ба эълон гардидани Соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ», инчунин ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Донишкада шанбигии дастаҷамъона баргузор гардид.
Дар ин чорабинии ободонӣ роҳбарият, кормандон ва омӯзгорони муассиса иштироки фаъолона намуда, гирду атрофи бино ва саҳни ҳавлиро тозаву озода намуда ҳамзамон бехҳои дарахтонро нарм карданд. Иштирокчиён бехҳои дарахтонро нарм намуда, барои сабзишу нашъунамои беҳтари онҳо шароити мусоид фароҳам оварданд.
Баргузории чунин шанбигиҳо дар баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ, таҳкими фарҳанги шаҳрнишинӣ ва тақвияти рӯҳияи ватандӯстиву худогоҳии миллӣ мусоидат менамояд.