ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

August 2026
M T W T F S S
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31  

Бо ташаббуси кафедраи таърих ва диншиносии Донишкада мизи мудаввар таҳти унвони "Наврӯз - ҷашни таърихии миллат" бо донишҷӯёни муассиса баргузор гардид

Бо ташаббуси кафедраи таърих ва диншиносии Донишкада санаи 17.03.2026 мизи мудаввар таҳти унвони “Наврӯз – ҷашни таърихии миллат” бо донишҷӯёни муассиса баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба таълим д.и.т. Қурбонов Б., муовини ректор оид ба тарбия Матинов Х., декани факултети филологияи Шарқ н.и.ф. Холов А., сардори шӯъбаи илм ва робитаҳои хориҷӣ Ширинов Х.Ч., мудири кафедраи таърих ва диншиносӣ н.и.ф. Раҳматова З., омӯзгорони кафедраи таърих ва диншиносӣ н.и.т. Шарипов Ш., ва Роҳатов Ғ., дар мавзуҳои “Наврӯз – ҷашни миллӣ ва байналмилалӣ”, “Ҷашни Наврӯз дар масири таърих” ва “Эҳёи Наврӯз дар давраи истиқлолият” суханронӣ намуданд.
Дар охир донишҷӯён дар васфи Наврӯз шеърҳо қироат намуданд.