Санаи 27.03.2026 мулоқоти ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва намояндагони комиссариати ҳарбии шаҳри Душанбе бо хатмкунандагони Донишкада доир гардид.
Мулоқотро ректори Донишкада муҳтарам Аҳтамзода Абдуалим Аҳтам ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт. Ӯ зимни суханронии худ таъкид намуд, ки ҷавонон неруи пешбарандаи ҷомеа буда, саҳми онҳо дар ҳифзи истиқлолият ва амнияти кишвар ниҳоят муҳим аст.
Устод Аҳтамзода А. қайд кард, ки хизмати Ватан – модар шарафи бузург буда, ҳар як ҷавон бояд бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба Ватан ба адои ин қарзи шаҳрвандӣ омода бошад. Ҳамчунин, зикр гардид, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар намудани шароити хизмат ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои хизматчиёни ҳарбӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Сипас, муовини комиссариати ҳарбии шаҳри Душанбе полковник Ниёззода Н. Н. баромад намуда, оид ба тартиби даъвати баҳорӣ, марҳилаҳои гузаштани комиссияи тиббӣ, талаботҳои қонунгузорӣ ва уҳдадориҳои ҷавонон маълумоти муфассал пешниҳод кард. Номбурда инчунин аз имтиёзҳо ва имкониятҳое, ки барои хизматчиёни ҳарбӣ пешбинӣ гардидаанд, ёдовар шуд.
Намояндаи комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино Ғоибзода Лутфулло низ суханронӣ намуда, доир ба ҳамкории сохторҳои ҳарбӣ бо муассисаҳои таълимӣ ва аҳамияти корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонон андешаронӣ кард.
Дар идома деканони факултетҳо ва сардорони шуъбаҳо вобаста ба масъалаҳои омодасозии донишҷӯён, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии ватандӯстона фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.
Дар мулоқоти имрӯза се нафар донишҷӯёни Донишкада Мамасоқов Шаҳбоз Абдуназарович, Нусратуллоев Довуд Нусратуллоевич ва Ҳалимов Шукрулло Тоҷиддинович иброз намуданд, ки хизмати Ватан – модар шараф ва номуси ҷавонмардист ва мо омода ҳастем, ки бо хоҳиши худ ин қарзи шаҳрвандиро адо намоем. Дар қисмати суолу ҷавоб донишҷӯён доир ба муҳлати хизмат, имконияти идомаи таҳсил пас аз адои хизмат, шароити будубош ва дигар масъалаҳои вобаста хизмати ҳарбӣ саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Дар охир ректори Донишкада муҳтарам Аҳтамзода Абдуалим ба меҳмонон барои баромади пурмуҳтаво ва аз донишҷуёне, ки ихтиёран ва бо хоҳиши худ ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи марзу буми кишвар мераванд изҳори сипос ва миннатдорӣ намуд. Инчунин таъкид намуд, ки садорати факултетҳо донишҷӯёне, ки ихтиёран ба хизмати Ватан – модар мераванд, ҳуҷҷатҳои онҳоро барои супоридани имтиҳонҳои давлатӣ сари вақт омода намоянд ва маврди дастгирӣ қарор дода шаванд.