ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

March 2026
M T W T F S S
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031  

Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дар робита ба эълон гардидани Соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ», инчунин ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Донишкада шанбигии дастаҷамъона баргузор гардид.
Дар ин чорабинии ободонӣ роҳбарият, кормандон ва омӯзгорони муассиса иштироки фаъолона намуда, гирду атрофи бино ва саҳни ҳавлиро тозаву озода намуданд. Ҳамзамон дар рафти шанбегӣ алафҳоро даравида, бехҳои дарахтонро нарм карданд.