ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

September 2026
M T W T F S S
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930  

Иштироки омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар рӯзи "Дарҳои боз" дар Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллӣ" бахшида ба Ҷашни байналмилалии "Наврӯз"

Имрӯз, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби донишҷӯён ба китобхонӣ, донишомӯзӣ ва бархӯрдории хештаншиносиву худогоҳии миллӣ ба Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 30-31 мартро Рӯзи «Дарҳои боз» эълон намудааст, ташриф оварданд. Чорабинии мазкур дар асоси супориши бевоситаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, инъикосгари сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.
Дар рафти ин чорабинӣ кормандони Китобхонаи миллӣ вобаста ба фаъолияти китобхона, утоқҳои хониш, китобҳои таърихӣ, ҷойҳои баргузории озмунҳо, асарҳои рассомӣ ва маҳсули ҳунарҳои мардумӣ маълумот дода, бо роҳандозӣ намудани ин ташаббус шавқи китобхонӣ, китобдӯстӣ ва муносибат бо китобро дар замири ҳар иштирокчии ин чорабинӣ бедор намуданд.