ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

May 2026
M T W T F S S
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ҷамъомади тантанавӣ таҳти унвони “Наврӯз - ҷашни ниёгон” бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз - 2026 баргузор гардид

31-уми марти соли 2026 дар толори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ҷамъомади тантанавӣ таҳти унвони “Наврӯз – ҷашни ниёгон” бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз-2026 баргузор гардид. Дар ин ҷамъомад аҳли Раёсат, намояндаи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раҳимов Умед, ходими илмии АМИТ – Зоҳири Сайфулло, сардорони шуъбаҳо, омӯзгорон ва донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд. Чорабинии мазкурро ректори Донишкада муҳтарам Аҳтамзода А.А. бо сухани табрикотӣ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати иди аждодӣ табрику таҳният гуфт. Аз ҷумла қайд намуд, ки Наврӯз яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, таърихи он ба ҳазорон солҳо мерасад. Наврӯз на танҳо як иди миллӣ, балки рамзи сулҳ, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии мардумон аст.
Дар даврони истиқлолият, бо талошҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Наврӯз мақоми хосса пайдо намуда, ба як ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт. Бо ташаббуси Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар, Созмони Милали Муттаҳид Наврӯзро ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф намуд. Ин иқдом аҳамияти ҷаҳонии ин ойини ниёгонро боз ҳам баланд бардошт.
Наврӯз мардумро ба дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ даъват мекунад. Дар ин рӯзҳо одамон кинаҳоро фаромӯш намуда, ба ҳамдигар дасти дӯстӣ дароз мекунанд.
Дар чорабинии мазкур декани факултети филологияи Шарқ н.и.ф. Холов А., дар мавзуи “Тантанаи наврӯзӣ дар ашъори арабӣ” суҳбат намуд. Дар чорабинии мазкур донишҷӯён дар васфи Наврӯз ва фасли баҳор шеъру ғазалҳо қироат намуданд. Дар охири чорабинӣ аз тарафи роҳбарияти муассиса як қатор омӯзгорони фаъол бо “Сипоснома”-и Донишкада қадрдонӣ гардиданд.