ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

May 2026
M T W T F S S
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа дар доираи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2025, № АП-882, даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ»-ро санаи 16.03.2026 миёни донишҷӯён ҷамъбаст намуд

Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа дар доираи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2025, № АП-882, даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ»-ро санаи 16.03.2026 миёни донишҷӯён ҷамъбаст намуд.
Дар озмун донишҷӯёни фаъоли факултетҳо иштирок намуда, маҳорати қироат, ҳифз ва шарҳи порчаҳо аз «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсиро нишон доданд. Иштирокчиён аз рӯйи талаботи муқарраргардида баҳогузорӣ шуданд. Ҳайати ҳакамон ғолибонро муайян намуда, ба онҳо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд. Ғолибон ба даври навбатии озмун роҳхат гирифтанд.Чунин озмунҳо дар тарбияи худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани завқи маънавии ҷавонон нақши муҳим доранд.