ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

September 2026
M T W T F S S
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930  

Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Тарбияи дурусти ҷавонон омили пешгирӣ аз нашъамандӣ ва нашъаҷалобӣ” баргузор гардид

Имрӯз дар Донишкада мизи мудаввар таҳти унвони “Тарбияи дурусти ҷавонон омили пешгирӣ аз нашъамандӣ ва нашъаҷалобӣ” баргузор гардид. Дар чорабинӣ сардорони гурӯҳҳои таълимӣ ва донишҷӯёни фаъол иштирок намуданд.
Зимни баргузории он муовини ректор оид ба тарбия Матинов Х.Қ. ва сардори бахши ҷавонон Раҳмонов Р.С. вобаста ба масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла пешгирии нашъамандӣ ва ифротгароӣ, ҷилавгирӣ аз таълимоти динии ғайрирасмӣ, истифодаи дурусти телефони мобилӣ ва риояи тартибу интизом дар дохил ва хориҷи Донишкада баромад намуданд.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки тарбияи дурусти ҷавонон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву ахлоқии онҳо омили асосии пешгирии чунин падидаҳои номатлуб ба ҳисоб меравад.