ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

October 2026
M T W T F S S
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Шанбегӣ таҳти унвони «Саҳми ман дар шаҳри ман» дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон

Субҳи имрӯз кормандон ва омӯзгорони Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар аксияи умумишаҳрии экологӣ таҳти унвони «Саҳми ман дар шаҳри ман» фаъолона иштирок намуданд.
Дар ҷараёни аксия иштирокдорон ба корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ, тозакунии ҳудуд ва ҷамъоварии партовҳо машғул гардида, саҳми назаррас гузоштанд. Ҳамзамон, ба риояи қоидаҳои санитарӣ ва нигоҳдории тозагӣ диққати махсус дода шуд.
Қайд гардид, ки чунин иштироки фаъол ба таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ ва маърифати экологӣ мусоидат менамояд. Иштирокдорон изҳор доштанд, ки минбаъд низ дар чунин иқдомҳо фаъолона саҳм мегузоранд.