ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

April 2026
M T W T F S S
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930  

«Тахзиб – ус – сибён» (Тарбияи ҷавонон) – и С. Айнӣ – ҳамчун дастури таълимӣ ва ахлоқӣ

Садриддин Айнӣ (Садриддин Сайидмуродзода Айнӣ‎) – бунёдгузори адабиёти тоҷик, нависанда, олим, академик ва нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951—1954), Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон, академики фахрии Академияи илмҳои ҶШС Ӯзбекистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 8 сентябри соли 1997 ба устод Айнӣ Унвони «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шудааст.
Эҷодиёти Айнӣ аз солҳои 90-уми асри XIX шуруъ мешавад ва ӯ зуд дар радифи шоирони пешқадам қарор мегирад. Аз соли 1895 тахаллуси «Айнӣ»-ро қабул ва бо ҳамин ном шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Устод бо шеъри «Гули сурх», ки соли 1895 бо тахаллуси Айнӣ эҷод карда буд, ба остонаи адабиёт ё шеъру шоирӣ ворид гардид. Китоби дарсии «Тазҳиб-ус-сибён» (1909—1917) ва манзумаи тамсилии «Кирмаку Парвона» (1917) моҳияти тарбиявию ахлоқӣ ва иҷтимоӣ дошта, аз беҳтарин офаридаҳои пешазинқилобии ӯ ба шумор мераванд.
Соли 1994 бо ташаббуси академик Сохиб Табаров китоби устод С. Айни бо номи «Тахсиб-ус-сибён» дар хачми чилу панч сахифаи чопи дар матбуоти «Маориф» ба хонандагони точик пешкош гардида буд. Гарчанде ин китоб хачман хурд хам бошад, вале арзиши он хело пуркимат аст, зеро он хамчун маснади таълиму тарбия барои миллати точик хизмати беандозае менамояд. Устод Айни пеш аз хама дар китоби худ анъанаи ниёгонро оиди тарбияи ахлоки аз нав эхьё намуда онро ба замона вобаст намудааст, ки ин шакли нав дар сохтарии тарбиявии навин ба хисоб меравад. Дар ин китоб С. Айнӣ масъалаҳои мубрами таълим ва тарбияро мавриди таҳлил қарор дода ҷалби кӯдакон ва наврасон ба мактаб, омӯзиши илм ва азхудкунии касб, эҳтироми волидайнро нишон додааст. Асоси диққати махсус дар китоби Садриддин Айнӣ ба нақши мактаб дар таълиму тарбияи кӯдакон дода шудааст.
Аз охири асри Х1Х сар карда дар Осиёи Миёна китобхои дарси ва дастурхои тааълими барои мактабхои чадидия аз кабили Мунавваркори ( муаллифи китобхои дарсии «Адиби аввал, Алифбо», «Адиби сони», «Адиби толиб», «Чароги диния», «Тадвич» ва г., Шокирчон (муаллифи «Таърихи муккаадас» ва дигарон навишта шуда, аз чоп баромаданд ва дар байни онхо дастурхои таълими – «Рохбари форси» ва «Мунтахаб-ул-гулистон ё худ кироати форси»-и Мулло Мухаммад Расули ва дигаронро кайд кардан лозим аст. Чи тавре академк С.Табаров менависад, ки дар худуди Аморати Бухоро бошад, чопи ин гуна китобхо ва кушодани мактабхои усули чадидия на танхо кори нихоят мушкил, балки имконнопазир хам буд. Аммо ба хамаи таъкиботи амалдорони амири ва уламои чахолатпараст бо сардории кози Бурхониддин нигох накарда, аз маорифпарварони бухорои Мирзо Абдулвохиди Мунзим якумин шуда , дар соли 1908 барои мактабхои чадидия точикони Бухоро ва генерал – губернатори Туркистон хам китоби алифборо бо унвони «Рахбари хат» аз чоп баровард. Бояд кайд кард, ки худи Мунзим дар мактаби ташкилкардааш вазифахои мудириву муаллимиро низ ба чо меовард.
Пас аз Мунзим дуст ва хамсабакаш Садриддин Айни барои мактабхои чадидия китобхои кироати «Тахсиб-ус-сибён», «Зарурияти диния» ва «Тартил-ул-куръон»-ро менависад ва чоп менамояд. Дар байни китобхои кироати Айни «Тахсиб-ус-сибён» махсус даар ташаккули мактабхоии чадидияи аморати Бухоро макоми хоса дошт. Ин китоби нахустини кироати Айни дар соли 1910 дастраси мактаббачагон мегардад ки муаллиф дар бораи чопи он дар «Таърихи инкилоби Бухоро» чунин навиштааст: «Дар мохи июли соли 1910 китоби хониши «Тахсиб-ус-сибён» аз тарафи ширкати «»Бухорои шариф» бори аввал чоп шуд. Ин китоб аз тарафи нависандаи ин сатрхо тартиб дода шуда , китобати онро шахид Мирзо Ахмад карда буд. Китобат дар Самарканд бо чопи санги ду хазор нусха нашр гардида , бо масорифи 111 суму 75 тин омада ба Бухоро расид. З0 суми ин аз ширкат, боки карз буд. Аз руи матбаа ба хукумати Бухоро 75 тин закот низ пардохта шуд». (Садриддин Айни. Таърихи инкилоби Бухоро,1987,С.84).
«Тахсб-ус-сибён» «барои мактаби кироати форси» тартиб дода шуда, хамчун махсули афкори илмиву педагоги, ахлокиву дидактики ва чахонфахмии Айни дар рохи дарки акидахои маорифпарварии, фалсафи, чамъияти ва тарбиявии солхои 1905-1917 ин адибу маорифпарвари бузург сарчашмаи мухиме ба шумор меравад.-менависад академик С.Табаров.
Дар раванди таълим асарҳои Садриддин Айнӣ “Тартил- ул- куръон” ва “Тахзиб-ус-сибён” («Тарбияи ҷавонон»)-ро истифода мебурдаанд, ки бевосита ба сифати китоби дарсӣ барои мактабҳои усули нави Бухоро мураттаб карда шуда буданд. »Тахсиб-ус-сибён» ба мисли китобхои дарсии точикии Бехбуди, Мунзим, Расул ва дигар маорифпарварон бо огохномаю мурочиатнома.-«Ихтор» огоз ёфта, баъд аз он матнхои гуногуни тарбиявию ахлокиро барои хониши мактаббачагон дарбар мегирад.
Устод Айни дар аввали китоб пеш аз хама ба муаллим диккати махсус дода чунин менависад: «Ба тафхими манфиати хар сабак неку диккат намоянд». (»Тахсиб-ус-сибён», сах.7) Баъдан дар бораи бачаи тарбиятдида навишта кайд менамояд, ки хар бачае тарбитдида бошад, бисёр баодоб мешавад ва асло дуруг намегуяд. Хамеша росткавл мебошад.
Баъд аз ин андар фазилати иззату эхтироми падару модар чунин навиштааст: «Падару модари моён ба моён бисьёр мехрубонанд ва хама вакт моро тарбият мекунанд….дар хаки мо дуои хайр мекунанд, ки одами дуруст мешавем, ба шарте, ки аз сухани онхо асло набароем. (»Тахсиб-ус-сибён», сах.9). Давоми суханро ба устоз – муаллим бахшидааст, ки дар он чунин баён менамояд: «Устози мо хамеша аз барои фойдаи мо саъи мекунанд ва барои боакл шудани мо таваччух доранд…Агар аз мо беодоби бинаанд, ё дар хондан бехавсалаги ва мусохила намоем, аз худи мо ва падару модари мо зиёдтар хафа мешаванд…Агар сабакхоморо нагз донем, аз худи мо ва аз падару модари мо беештар хурсанд мешаванд: (»Тахсиб-ус-сибён», сах.9-10).
Устод Айни баъдан дар бораи мактаб сухан ронда мактабро чой барои мо фойданок мехисобад ва кайд менамояд, ки мактаб чой ёд гирифтани илм, одоб аст.Инчунин мактаб чой муборак аст. Хурмати мактабро нигох дорем. Ба мактаб беодоби накунем. Асло аз мактаб нагурезем.
Рубой: Мактаб ба ту ёд медихад илму адаб,
Мактаб зи ту мебарад гаму ранчу тааб.
Як нуктаи мухтасар зи мактаб гуям,
Одам нашавад касе,магар аз мактаб.
Дар хакикат мактаб макони илму дониш ва одоби инсониро ба мо меомузад ва агар хар фарде аз самими калб ба он рафтор намояд, албата ба куллахои баланди инсони мерасад. Устод С.Айни бахши аввали китоби худро бо саволу чавоб ба охир расонида чунин саволу чавобро пешниход менамояд:
— Хонаи нағзи дунё кадом аст? — Мактаб аст.
— Бачагони нағз? – Бачагони мактабанд.
— Аз бачагони мактаб кадомашон нағзтаранд? – Бачагоне, ки ҳаргиз аз мактаб намемонанд.
— Аз инхо кадомашон хубтаранд? – Бачагоне, ки ба сабакашон зур мезананд ва саъи мекунанд.
— Аз инхо кадомашон бехтаранд? – Қаламу қоғази шариконашро бе ҷавоб намегирифтаги, ба шарики қоғазу қалам надоштагиаш қаламу қоғази зиёдатии худро медодаги мебошад,сохибхиммат, назарбаланд мешавад.
Устод С.Айни бахши дигари китобашро бо мисолхои сахех ва равшан пешкаш менамояд, ки хар кадоми онхо аз ҷабҳаҳои таълиму тарбияви хусусан дар васфи мактабу муаллим оварда шудаанд.
Агар ҳар як талаба, донишҷу ва падару модари тоҷик. – қайд мекунад академик С.Табаров. – «Тахсиб-ус-сибиён»-и устод Айниро дастури зиндагии ҳамарузаи худ нагардонад, дар ҷаҳлу нодони хоҳад монд ва димор дар рузгорашон давом хоҳад намуд. Мутолиаи ин дастури таълими ва ахлоқии устод Айни ба ҳар як фарди кучак, миёнсол ва пири тоҷик фарз, зарур ва шарт аст.
Рӯзе дар хонаи нависанда Ҷалол Икромӣ нишасте ба ифтихори Бобоҷон Ғафуров барпо шуд. Иддае аз аҳли илму адаб гирд омаданд. Аз ҷумла Мирзо Турсунзода ва профессор Иосиф Самойлович Брагинский ҳозир шуданд. Яке аз аҳли нишаст Бобоҷон Ғафуровро шодбош гуфт ва таъкид кард, ки чун Ғафуров ба унвони сарвари Тоҷикистон (солҳои 1946—1956) ва донишманди забардасте барои миллат хидматҳои бузург кардааст, бахусус пас аз чоп шудани китоби «Тоҷикон» месазад, ки ӯро падари миллат бигӯем. Б. Ғафуров сухани ӯро бурид ва гуфт: «Камина падари миллат нестам, фарзанди миллат ҳастам, ки мехоҳам хидмат кунам. Падари миллат устод Айнӣ буд, ки барои умри дубора ёфтани тоҷикон бештар аз ҳар касе мубориза кардааст ва ба ғалаба расидааст». Ин сухани Бобоҷон Ғафуров ба аҳли маҷлис хуш омад. Аввал рӯҳу равони падари миллатро табрик хонданд ва баъд фарзанди миллатро шодбош гуфтанд.
Осори бузурги Садриддин Айнӣ, ки саросар зиндагиро вақфи хидмат ба одамизодагон кард ва партаве дар ҷаҳони маърифат тофт, ки ҳаргиз фурӯ нахоҳад нишаст, дар миён тарҷума ва хоҳад буд ва ҷовидон хоҳад монд.
Ғайратшо Роҳатов дотсенти кафедараи Таърих ва диншиносии ДИТ ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит