ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

August 2026
M T W T F S S
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31  

Ҳамоиши илмӣ-методӣ дар мавзуи "Омӯзиш ва баррасии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон баргузор гардид

Санаи 15 апрели соли 2026 дар асоси нақшаи чорабиниҳои Донишкада ҳамоиши илмӣ-методӣ дар мавзуи “Омӯзиш ва баррасии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон баргузор гардид. Мақсад аз ташкил намудани ин ҳамоиш амалӣ намудани «Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон барои солҳои 2025–2027» ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии омӯзгорон ва донишҷӯён ба шумор меравад.
Дар кори ҳамоиш муовини ректор оид ба таълим, доктори илмҳои таърих Қурбонов Б.Р., прокурори калони Раёсати назорати умумии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Усмоналӣ ва омӯзгори кафедраи илмҳои ҷамъиятшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ Абдурашидзода А. иштирок намуда, оид ба масъалаҳои пешгирӣ ва муқовимат ба савдои одамон суханронӣ намуданд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки савдои одамон яке аз мушкилоти ҷиддии ҷомеаи муосир ба шумор рафта, барои пешгирии он баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, тақвияти ҳамкории сохторҳои давлатӣ бо муассисаҳои таълимӣ ва баргузор намудани чунин чорабиниҳои маърифатӣ аҳамияти муҳим дорад.
Ҳамоиш дар фазои мубодилаи афкор баргузор гардида, иштирокчиён доир ба роҳҳои самараноки татбиқи Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон барои солҳои 2025–2027 пешниҳодҳои мушаххас иброз намуданд.