ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

October 2026
M T W T F S S
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Иштироки кормандони ДИТ дар ҳамоиш таҳти унвони «Ҳамоҳангсозии ниҳодҳо – калиди муваффақият дар роҳи пешгирии истифодаи маводи нашъаовар миёни ҷавонон»

14 апрели соли 2026 дар толори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш таҳти унвони «Ҳамоҳангсозии ниҳодҳо – калиди муваффақият дар роҳи пешгирии истифодаи маводи нашъаовар миёни ҷавонон» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони сохторҳои давлатӣ, муовинони ректорону директорон оид ба тарбия, аз ҷумла муовини ректор оид ба тарбия ва сардори бахши ҷавонони Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа, инчунин мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии шаҳри Душанбе ва ҷавонони фаъол иштирок намуданд.
Иштирокчиён масъалаҳои муҳими пешгирии истеъмоли маводи нашъаовар миёни ҷавонон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байни ниҳодҳоро баррасӣ намуда, доир ба роҳҳои самараноки мубориза бо ин падида мубодилаи афкор анҷом доданд.