ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

June 2026
M T W T F S S
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930  

Семинари илмӣ-методӣ дар мавзӯи «Варзиш – омили асосии саломатии инсон»

28 апрели соли 2026 бо ташаббуси кафедраи илмҳои табиӣ ва иттилоотии Донишкада бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-методӣ дар мавзӯи «Варзиш – омили асосии саломатии инсон» бо иштироки аҳли Раёсат, омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Чорабиниро муовини ректор оид ба таълим, д.и.т. Қурбонов Б.Р. ифтитоҳ намуда, аҳамияти рушди тарбияи ҷисмонӣ, тарзи ҳаёти солим ва нақши он дар пешгирии амалҳои номатлуб, аз ҷумла ифротгароӣ, таъкид кард. Ҳамчунин, муовини ректор оид ба тарбия Матинов Х.Қ. ва декани факултети филологияи Шарқ, н.и.ф. Холов А. баромад карда, қайд намуданд, ки хушбахтона тайи солҳои охир шароиту имкониятҳои варзишӣ дар кишвар ба таври назаррас беҳтар гардида, варзишгарони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ бо натиҷаҳои назаррас баромад намуда, парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд мебардоранд.
Дар идомаи семинар сардори бахши ҷавонон Раҳмонов Р.С. ва омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонӣ Назмишоев С. бо маърӯзаҳо дар мавзӯҳои «Варзиш – омили асосии саломатии инсон» ва «Нақши варзиш дар ҳаёти солим» баромад намуда, ҷанбаҳои гуногуни таъсири варзиш ба саломатӣ, ташаккули тафаккури солим ва пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар анҷоми чорабинӣ миёни иштирокчиён музокироти судманд сурат гирифта, доир ба масъалаҳои рушди варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсӣ бо мақсади пешгирии амалҳои ифротгароӣ пешниҳодҳои муфид ироа гардиданд.