ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

May 2026
M T W T F S S
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Моҳияти таҳаммулпазирии мазҳаби ҳанафӣ» бо иштироки доираи васеи олимон, муҳаққиқон, омӯзгорон ва донишҷӯён

Санаи 30.04.2026 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои илмӣ дар Донишкада бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Моҳияти таҳаммулпазирии мазҳаби ҳанафӣ» бо иштироки доираи васеи олимон, муҳаққиқон, омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Ҳадафи асосии конференсия баррасии моҳият ва арзишҳои таҳаммулпазирии мазҳаби ҳанафӣ, нақши он дар таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва рушди фарҳанги таҳаммул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардид.
Дар кори конференсия шахсиятҳои зерин иштирок ва суханронӣ намуданд:
– Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон, муҳтарам Аҳтамзода Абдуалим Аҳтам;
– Сармутахассиси Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Муминзода Некруз Абдуманон;
– Раиси Маркази исломии Тоҷикистон, муҳтарам Абдуқодирзода Саидмукаррам.
Зимни суханрониҳо қайд гардид, ки мазҳаби ҳанафӣ ҳамчун яке аз равияҳои асосии фиқҳи исломӣ, бо хусусиятҳои таҳаммулпазирӣ, миёнаравӣ ва мутобиқшавӣ ба шароити иҷтимоӣ фарқ мекунад. Таъкид шуд, ки ин мазҳаб дар тӯли таърих дар ташаккули фарҳанги миллӣ, эҳтиром ба гуногунандешӣ ва ҳамзистии осоиштаи мардум саҳми назаррас гузоштааст.
Иштирокчиён зикр намуданд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангҳо, омӯзиши арзишҳои таҳаммулпазирии мазҳаби ҳанафӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад. Ин арзишҳо метавонанд ҳамчун омили муҳими пешгирии ифротгароӣ ва таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа хизмат намоянд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни конференсия масъалаҳои вобаста ба нақши муассисаҳои таълимӣ дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва динӣ, инчунин тақвияти худшиносии миллӣ, тарбияи ватандӯстӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Конференсия дар фазои илмӣ ва созанда баргузор гардида, барои рушди тафаккури илмӣ ва таҳкими арзишҳои миллӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Пурратар дар: https://www.facebook.com/share/p/1J8kgFqdSc/