ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

May 2026
M T W T F S S
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Дар Донишкада шанбигии дастаҷамъонаи гулшинонӣ баргузор гардид

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дар робита ба эълон гардидани Соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ», инчунин ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Донишкада шанбигии дастаҷамъона баргузор гардид.
Дар ин чорабинии ободонӣ роҳбарият, кормандон ва омӯзгорони муассиса иштироки фаъолона намуда, гирду атрофи бино ва ҷӯйборҳоро тозаву озода намуданд. Ҳамзамон дар рафти шанбегӣ 6700 адад гулҳои ороишӣ шинонида шуданд, ки саҳни донишкадаро ҳусни дигар бахшид.