ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

May 2026
M T W T F S S
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

МИЗИ МУДАВВАР ДАР ДОИРАИ МАҲВОРАИ ҶАВОНОН

Санаи 04.05.2026 бо ташаббуси сардори бахши ҷавонон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бо иштироки сардорони гурӯҳҳои таълимӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни чорабинӣ масъалаҳои муҳими вобаста ба тарбияи ватандӯстии донишҷӯён, фаъолона иштирок намудан дар чорабиниҳои илмиву тарбиявӣ ва варзишӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки донишҷӯён бояд дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвари азизамонро ҳифз намояд, дар чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ, семинарҳо, мизҳои мудаввар, конференсияҳо, озмуну мусобиқаҳои варзишӣ фаъолона иштирок намоянд.
Дар фарҷом, ба иштирокчиёни чорабинӣ таъкид карда шуд, ки пайваста донишҳои худро такмил диҳанду баҳри ободиву созандагии кишвари азизамон Точикистон саҳмгузор бошанд.