Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ, роҳ надодан ба кирдорҳои ғайриқонунӣ ва таҳкими интизоми хизматӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Устод Аҳтамзода А. зимни суханронӣ таъкид намуд, ки мубориза бо коррупсия яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Донишкада буда, риояи принсипҳои шаффофият, адолат ва масъулият аз ҳар як корманд талаб карда мешавад.