ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

June 2026
M T W T F S S
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930  

Семинари илмӣ - омӯзишӣ дар доираи маҳвораи ҷавонон

5 майи соли 2026 дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишкада семинари илмӣ-омӯзишӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо иштироки фаъоли донишҷӯён доир шуда, ба мавзуи «Ҷавонон — посдорони забони давлатӣ» бахшида шуд.
Дар рафти семинар муовини ректор оид ба илм, н.и.ф. Сафаров Л., декани факултети филологияи Шарқ, н.и.ф. Холов А., инчунин сардори бахши ҷавонон Раҳмонов Р.С. оид ба нақши калидии забони давлатӣ дар таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва рушди ҳувияти миллӣ маърузаҳои пурмуҳтаво пешниҳод намуданд.
Қайд гардид, ки забони давлатӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ, на танҳо воситаи муошират, балки омили муҳими муттаҳидсозандаи миллат, нигоҳдорандаи арзишҳои фарҳангӣ ва таърихии халқ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати забонӣ, эҳтиром ва ҳифзи покизагии он вазифаи муҳимми ҳар шаҳрванд, бахусус ҷавонон мебошад.
Иштирокчиён зимни баррасии масъалаҳои матраҳшуда доир ба саҳми ҷавонон дар рушду такомули забони давлатӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ мубодилаи афкор анҷом дода, пешниҳодҳои судманд иброз намуданд.
Семинар дар фазои созанда ва ҳамкории илмӣ баргузор гардида, барои баланд бардоштани маърифати миллӣ, эҳсоси масъулият ва арҷгузорӣ ба забони давлатӣ миёни ҷавонон мусоидат намуд.