ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

August 2026
M T W T F S S
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31  

Мусобиқаи зеҳнии шоҳмот ва шашка дар доираи маҳвораи ҷавонон

Санаи 6 майи соли 2026 дар толори варзишии Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа бо ташаббуси қисми тарбия ва бахши ҷавонон мусобиқаи зеҳнӣ аз рӯи намудҳои шоҳмот ва шашка баргузор гардид. Чорабинӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Дар мусобиқа донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, маҳорати зеҳнӣ ва ҳушёрии худро нишон доданд. Рақобат дар фазои дӯстона ва солим ҷараён гирифта, ғолибон аз рӯи ҳар ду намуди бозӣ муайян ва бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ҳадафи асосии баргузории чунин мусобиқаи варзишӣ баланд бардоштани сатҳи маърифат, рушди тафаккури мантиқӣ, пайванди дӯстии ҷавонон, пешгирӣ аз амалҳои номатлуби ифротгароӣ ва ҷалби онҳо ба тарзи ҳаёти солим арзёбӣ мегардад.