ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

June 2026
M T W T F S S
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930  

Мизи гирд дар доираи маҳвораи ҷавонон бахшида ба Рӯзи Ғалаба ва 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факультети Филология и шарқ

Дар факултети филологияи Шарқи ДИТ бахшида ба 81-умин солгарди Ғалаба ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд баргузор гардид. Дар ин маҳфил омӯзгорон ва донишҷӯён ба хотири пос доштани корномаи қаҳрамонони роҳи озодӣ гирд омаданд.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ декани факултет, н.и.ф. Холов А.С. оғоз намуда, ҳозиринро бо ин санаи таърихӣ табрик гуфт. Мавсуф дар гузориши худ зикр кард: “Рӯзи Ғалаба рамзи шуҷоат, ватандӯстӣ ва иттиҳоди халқҳост. Мо вазифадорем, ки хотираи шаҳидонро гиромӣ дошта, ҷавононро дар руҳияи хештаншиносӣ тарбия намоем.”
Сипас, сардори шуъбаи илм Ширинов Х.Ч. бо гузориши муфассал баромад кард. Вай бештар ба ҷанбаҳои таърихӣ ва саҳми фарзандони тоҷик дар таъмини Ғалаба таваҷҷуҳ намуда, қайд кард, ки омӯзиши саҳифаҳои муборизаи роҳи озодӣ барои корҳои илмию таҳқиқотии донишҷӯён ва шинохти ҳақиқати таърихӣ аҳамияти хос дорад.
Дар охири чорабинӣ суолу ҷавоби судманд сурат гирифт.