ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

May 2026
M T W T F S S
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Мизи мудаввар дар доираи маҳвораи ҷавонон

Санаи 08.05.2026 бо ташаббуси қисми тарбия ва бахши ҷавонони Донишкада бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бо иштироки сардорони гурӯҳҳои таълимии факултети улуми исломӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба тарбия Матинов Х.Қ., декани факултети улуми исломӣ Насриддинов Ҳ. ва сардори бахши ҷавонон Раҳмонов Р.С. иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баромадҳо масъалаҳои муҳими тарбиявию иҷтимоӣ, аз ҷумла тарбияи ватандӯстии донишҷӯён, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва давлатӣ, инчунин пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва нашъамандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, ба донишҷӯён ҷиҳати иштироки фаъолона дар чорабиниҳои илмиву тарбиявӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ тавсияҳо дода шуда, нақши ҷавонон дар рушди ҷомеа ва таҳкими сулҳу суботи кишвар муҳим арзёбӣ гардид.
Дар анҷоми мизи мудаввар таъкид карда шуд, ки баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва ҳисси масъулиятшиносии ҷавонон яке аз самтҳои муҳими фаъолияти тарбиявӣ ба ҳисоб меравад