ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

May 2026
M T W T F S S
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Дар Донишкада бо ташаббуси қисми тарбия ва бахши ҷавонон ҳамоиши илмӣ - назариявӣ таҳти унвони «Саҳми тоҷикистониён дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» баргузор гардид

7 майи соли 2026 дар Донишкада бо ташаббуси қисми тарбия ва бахши ҷавонон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Саҳми тоҷикистониён дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» бахшида ба Рӯзи Ғалаба ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҳамоиш кормандон ва донишҷӯёни донишкада фаъолона иштирок намуданд.
Чорабиниро муовини ректор оид ба тарбия Матинов Х. ифтитоҳ намуда, аҳамияти таърихии Рӯзи Ғалаба, саҳми фарзандони Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва нақши ҷавононро дар ҳифзи арзишҳои ватандӯстӣ таъкид кард.
Дар ҷараёни ҳамоиш муовини ректор оид ба таълим Қурбонов Б. дар мавзуи «Нақши қаҳрамониҳои халқи тоҷик дар муҳорибаҳои ҶБВ» баромад намуда, аз ҷасорату шуҷоати сарбозони тоҷик ёдовар шуд. Ҳамчунин, муовини ректор оид ба тарбия Матинов Х. дар мавзуи «Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ» оид ба кӯмакҳои иқтисодиву маънавии мардуми Тоҷикистон дар солҳои ҷанг суханронӣ кард.
Дотсенти кафедраи таърих ва диншиносӣ Шарипов Ш. низ дар мавзуи «Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва паёмадҳои он» ва «Гузаштаро биомӯз ва ояндаро бисоз» маърӯза намуда, аҳамияти омӯзиши таърих ва ҳифзи сулҳу суботро барои насли имрӯз муҳим арзёбӣ намуд.
Дар фарҷоми ҳамоиш таъкид гардид, ки гиромидошти хотираи қаҳрамонони ҷанг ва тарбияи ҳисси ватандӯстӣ дар байни ҷавонон аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ба ҳисоб меравад.